Язык сайта в процессе перевода.

Таъсиси коргоҳҳои нав

Таъсиси коргоҳҳои нав

Дар 5 моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот якчанд коргоҳҳои нави саноатӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Аз ҷумла, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Пӯлодон ҶДММ «Нафтрасон», ҶДММ «Созандагони диёр», сехи истеҳсоли оҳак ва дар ҳудуди шаҳр сехи дӯзандагии «Манижа» ба фаъолият шурӯъ карданд. ҶДММ «Нафтрасон», ки бо истеҳсоли маҳсулоти нафтӣ машғул аст, бо иқтидори 70 ҳазор тонна дар як сол фаъолият мекунад. Ин коргоҳ 80 нафарро бо ҷойи корӣ таъмин кард. ҶДММ «Созандагони диёр» барои истеҳсоли қум ва шағал бо иқтидори 40 ҳазор м3 дар як сол фаъолият мебарад ва барои 6 нафар ҷойи корӣ муҳайё намуд. Сехи истеҳсоли оҳак - СИ Мухамедов Ҳ. бошад, асосан бо истеҳсоли оҳак машғул буда, дар як сол 150 тонна оҳак истеҳсол хоҳад кард. Бо кушодашавии ин сех 5 нафар бо ҷойи корӣ таъмин шуданд. Инчунин дар ҳудуди шаҳр сехи дӯзандагии «Манижа» ба номи Абдуваҳҳобова Н. бо иқтидори 110 ҳазор сомонӣ дар як сол ба кор оғоз кард, ки бо дӯхтани либосҳои гуногун машғул шуда, 8 нафарро бо ҷойи кор таъмин намуд.

Таъсис ёфтани коргоҳҳои нав ба пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр, таъмин гардидани аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ ва ба ин васила беҳтар намудани вазъи иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат менамояд.

14:39
329
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб