Язык сайта в процессе перевода.

Натиҷаи озмунҳои шаҳрӣ

Натиҷаи озмунҳои шаҳрӣ

Мутобиқ ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 6 ҷамоатҳои деҳот мусобиқаи шаҳрии оилаи намунавӣ ва хонаи намунавӣ дар моҳҳои апрел-май гузаронида шуд. Аз ҷониби комиссия муайян гардид, ки дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот дар ин самт барои иштирок дар мусобиқа омодагӣ хуб ба роҳ монда шудааст.

Дар мусобиқа тамоми сокинони шаҳр ва кумитаҳои маҳаллӣ, деҳаҳо ва ҷамоатҳои деҳот фаъолона ширкат варзиданд.

Дар мусобиқаи «Оилаи намунавӣ» оилаи Кимсановҳо аз ҷамоати деҳоти Ғафурҷон Ортиқов беҳтарин дониста шуд. Ҷойи дуюм оилаи Шукуровҳо аз ҷамоати деҳоти Пӯлодон ва ҷойи сеюм насиби оилаи Холматовҳо аз ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ гардид.

Дар мусобиқаи «Хонаи беҳтарин» ҷойи аввал насиби хонаи Ғиёсов Наримон аз ҷамоати деҳоти Ортиқов, ҷойи дуюм хонаи Муродов Рустам аз ҷамоати деҳоти Раҷаб Ҳамробоев, ҷойи сеюм хонаи Юсуфовҳо аз ҷамоати деҳоти Пӯлодон гардид.

Дар мусобиқаи «Маҳаллаи беҳтарин» маҳаллаи «Ҷавонон» сазовори мақоми аввал гардид.

«Деҳаи беҳтарин» деҳаи Диловарони ҷамоати деҳоти Ғафурҷон Ортиқов дониста шуд.

Маводҳои ғолибони мусобиқаҳо барои иштирок дар даври вилоятии озмун пешниҳод гардидааст.

14:38
261
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб