Язык сайта в процессе перевода.

Табрикоти раиси шаҳр мӯҳтарам Боҳирӣ Ғ.Н. бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз!

 

Соли 2009 бо иқдоми неки  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  санаи 24 - уми ноябр  Рӯзи Парчами давлатӣ эълон карда шуда, ҳамасола бо ифтихору сарбаландӣ ҷашн гирифта мешавад.

Ҳамаи шумоён, ҳамдиёрони азизро ба муносибати ин санаи фархунда - Рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрику муборакбод менамоям.

Парчами миллӣ   рамзу  нишони  ҳастии давлату миллат дар миқёси ҷаҳон аст, аз ин рӯ, барои нишон додани симои сиёсии давлат аз парафшонии парчам истифода мешавад ва ин маънои онро дорад,  ки парчам муайянкунандаи мақом, симо ва ҳастии давлат мебошад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар арзишҳои олӣ, ба мисли  Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ аз рукнҳои аслии шинохт ва муаррифии давлат мебошад.    

Парчам аз аҳди қадим рамзи сарбаландии лашкар буда, зери парфишонии он ба муҳорибаҳо ворид мешуданд ва маҳз он сарбозонро ба зафар ва ғолибият раҳнамуну ҳидоят месохт. Ҳар як лашкар ва ё ҳар як қавму халқиятҳо дар парчамҳои худ рамзҳои алоҳида доштанд, ки нишонаҳои он то ба имрӯз побарҷост.

Нуктаи мазкур бозгӯи он аст,  ки эҳтиром ва азиз доштани Парчам дар замони имрӯз ҳам навъе аз идомаи суннатҳои поки ниёгон аст.     

Парчами давлати соҳибистиқлоли мо инъикоскунандаи таъриху фарҳанг ва расму ойинҳои деринаи давлатдории миллиамон, баёнгари мақсаду маром ва бахшандаи нерӯи созанда дар роҳи бунёди ояндаи некамон аст.    

Чуноне ки Пешвои миллатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр кардаанд:

«Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад».

Изҳори боварӣ мекунем, ки Парчами давлатиамон ҳамчун таҷассумгари умеду ормонҳои мо ҳамеша парафшон хоҳад буд ва дар партави он мо дар роҳи ободии Ватани азизамон ба дастовардҳои рӯзафзун ноил хоҳем шуд.

Санаи муборак - Рӯзи Парчами давлатиро бори дигар  барои ҳамаи шумоён, ҳамдиёрон муборакбод намуда, баҳратон саломативу хонаободӣ,  сарбаландиву саодатмандӣ ва барору комёбиҳо орзумандам.

Бигзор, Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол бар сари миллату давлатамон ҷовидон парафшонӣ намуда, моро сӯйи ояндаи дурахшон роҳнамун созад!   

 

Рӯзи Парчами давлатӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!

 

          

      Бо эҳтиром,  раиси шаҳр                             Ғ. Боҳирӣ

Источник: Konibodom.tj

15:56
140
Нет комментариев. Ваш будет первым!
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб