Язык сайта в процессе перевода.

Дар Конибодом боз ду корхонаи саноатӣ ба кор сар карданд

Дар деҳаи Ниёзбеки ҷамоати ба номи Эргаш Шарифови шаҳри Конибодом ду корхонаи нави саноатӣ — корхонаи истеҳсоли гаҷтахтаҳои сақфии ҶСШК «Нуртекс» ва корхонаи тавлидоти гаҷи сохтмонии кооперативи тиҷоратии «Моҳии зарин» ба фаъолият шурӯъ карданд.


Корхонаи истеҳсоли гаҷтахтаҳои сақфӣ дар Конибодом аввалин буда, давоми як сол аз ҷониби мутахассисони ватаниву чинӣ сохта шудааст. Ҳарду корхона дар масоҳати 1,5 гектар ҷой гирифта, дар онҳо технологияи пешрафтаи истеҳсоли Олмон бо арзиши 1 миллион доллар ворид ва насб карда шудааст.


Бартарии дигари корхонаҳо дар он аст, ки тавассути ангишт фаъолият мебаранд. Иқтидори корхонаи гаҷтахтаҳои сақфӣ истеҳсоли 6000 метри мураббаъ ва иқтидори корхонаи «Моҳии зарин» истеҳсоли 100 тонна гаҷи сохтмонӣ дар як шабонарӯз мебошад. Дар корхонаҳои нав беш аз 60 нафар бо ҷои кор таъмин шуданд.

13:46
285
Нозир
23:12
Маоши кор чикадар дар ин корхонахо
Загрузка...
Интихоби забон
Даромадан ба сомона
Ҷолиб